“IRS” 117 КИЛОМЕТР РОҲРО ТАЬМИРИ КУЛЛӢ МЕКУНАД
Таьмиру таҷдид аз самтхои афзалиятноки фаьолияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Масьулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масьала хеле баланд буда, баробари ба вучуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе – Чанок бетаьхир чораандешӣ мешавад. Дар мавсими имсола доираи фаьолият хеле васеь гардида, тасмим гирифта шудааст, ки 117 километр рох таьмири куллӣ шавад.
Ашхоси огох хуб медонанд,ки таьмири кулли аз лихози мохият ва харочот аз бунеди рох кам нест. Сарфи назар ин, рохбарияти филиали Ширкат дар ин самт собиткадам мебошанд, ки далели бебахси масьулиятшиноси ва муносибати дуюмдарача надоштан ба ичрои рисолат махсуб мешавад.
Ҳоло дар минтакаи Варзоб ва Суғд таьмири роҳ шурӯь шудааст. Мухимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони хирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, 3 корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд. Айни замон дар масири роҳ асфалтхобонӣ босурьат идома дошта, аз ронандагон эхтиромона хохиш менамоем, ки эҳтиёткору дақиқназар бошанд ва ба талаботи кормандон риоя намоянд.