ХУЛОСА АЗ МУҚОИСА БАРМЕОЯД
Аз он қаноатмандем, ки шаҳрвандон ба фаъолияти филиали Ширкат бетафовут нестанду таври мунтазам дархосту эрод ва пешниҳодоти хешро тариқи хати доимоамалкунанда, сомонаи филиали Ширкат ва саҳифаи филиали Ширкат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ироа менамоянд.
Бо дарки масъулият мегӯем, ки ба тамоми муроҷиатҳо сари вақт вокуниш шуда, ин омил гувоҳи масъулиятшиносии роҳбарияти филиали Ширкат аст. Рӯз то рӯз зиёд шудани таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба фаъолияти мо далели бебаҳси тавсеа ёфтани равобит бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Барои мисол, баробари гузоштани дилхоҳ матлаб дар саҳифаи фейсбукии филиали Ширкат онро аз 300 то 960 нафар мутолиа менамоянд. Бо гузашти вақт теъдоди хонандагон марзи ҳазорҳо нафарро убур мекунад. Ифтихормандем, ки қисмати аъзами комментҳо мусбат буда, боқимонда моҳияти тавсиявӣ доранд.
Чанде пеш дар поварақи матлаби дар саҳифаи филиали Ширкат дар Фейсбук нашршуда яке аз ҳамватанони мо комменте навиштааст, ки воқен ҳам ҷолиб ва арзандаи таваҷҷуҳ аст. Номбурда эътироф карддааст, ки маблағи аз ҷониби филиали Ширкат ҷамъоваришуда барои таъмиру нигоҳдории роҳ сарф мешавад. Ҳарчанд инро ҳама медонанд, вале то кунун ҳастанд нафароне, ки нодида вонамуд мекунанд. Дар ҳамин ҳол касе аз он, ки дар терминали баромадгоҳи Душанбе аз дилхоҳ мошини ба самти Хуҷанд роҳсипорбуда 20 сомонӣ меситонанд лаб во намекунад. Ҳол он ки аз ин маблағситонӣ бояд нигарон бошанд, зеро ба куҷо харҷ шудани ин маблағ норавшан аст.
Мо ин нигаронии шаҳрвандро шарҳ доданӣ нестем, онро ҷонибдорӣ ва ё инкор низ намекунем. Ин нуқтаи назари ӯст, ки барои иброзаш тибки Конститутсияи мамлакат ҳуқуқ дорад.
Барои мо ҷолиб ва муҳим он аст, ки муқоисаи мазкур комилан минтиқӣ буда, хушбахтона ҳастанд нафароне, ки ҳақшиносӣ меҳвари фаъолияту зиндагиашон буду ҳаст. Ба ибораи дигар хулоса самараи муқоиса аст. Боқӣ қазоват аз Шумост...