ИҶРОИ РИСОЛАТ МАСЪУЛИЯТШИНОСИРО ТАҚОЗО ДОРАД

Борҳо гуфтем ва иловатан таъкид менамоем, ки инъикоси корҳои иҷрошуда дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба тавсиф умумияте надошта, ин иқдом танҳо ба хотири иттилоотонии бештари ҳамватанони азиз доир ба фаъолияти филиали Ширкат амалӣ мешавад.

Зеро баъзе нафарони "аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ" чунин вонамуд кардан мехоҳанд, ки гӯё мо ба нигоҳдории роҳ муносибати дуюмдараҷа дорем. Хушбахтона, мардум довари ҳақшиносанд ва онҳое, ки бо ин роҳ аққалан як маротиба сафар кардаанд медонанд, ки иҷрои вазифаи ба зиммаамон вогузорбуда меҳвари фаъолият буду ҳаст.

Рӯзи қаблӣ кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд фаъолияташонро беш аз пеш тавсеа бахшида,дар километрҳои 225 то 232 тоза намудани ҷӯйборҳои канори роҳ, аз 213 то 232-юм мустаҳкам намудани канори роҳ ва дар километрҳои 227-228-ум бо мумқир (асфалт) пур кардани тарқишҳои бавуҷудомадаи роҳро бо риояи меъёрҳои роҳсозӣ ба сомон расониданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо