ДАР МАСОФАИ 60 КИЛОМЕТР 16 ИСТГОҲ ТАЪМИР ШУД

Фаъолияти филиали Ширкат танҳо ба нигоҳдории роҳ маҳдуд набуда, ободонии канори он ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани иншооти ин масир низ дар маркази диққати мо қарор дошту дорад. Яъне, фаъолияти кормандони филиали Ширкат ва масъулиятшиносии онҳо фаротар аз оне ҳаст, ки баъзеҳо мепиндоранд.

Дар давоми рӯзҳои охир ҳамрадиф бо фаъолияти маъмул, кормандони мо корҳои ободониро вусъати тоза бахшида, аз километри 308 то 368-ум 16 истгоҳро таъмир намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки аксари ин истгоҳҳо валангор буда, корҳои баанҷомрасида моҳияти таъмири куллиро доштанд. Дар заминаи ин ибтикор истгоҳҳо намои нав гирифта, ба ҳусни масири мазкур ҳусни тоза зам карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо