Хабарҳо

ТАМОМИ КӮШИШҲОРО БА ХАРҶ МЕДИҲЕМ ТО РОҲ БАСТА НАБОШАД

Шурӯъ аз 8 октябри соли равон дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанок боридани барф оғоз гардида, кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. Бо дарки масъулият мегӯем, ки дар ҷода комёбем, зеро омодагии филиали Ширкат ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018- 2019 ҷиддӣ ва ҳамаҷониба аст.

Муфассалтар...
БАРФИ АВВАЛ ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ - ЧАНОК 

Дирӯз дар масири Душанбе - Чанок барфи нахустин борид. Кормандони намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон, ки нигоҳдории минтақаи бориши барф баамаломада ба зиммаи онҳо вогузор аст дар робита ба ҳолати мазкур филфавр чораандешӣ намуда, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад.

Муфассалтар...
10 - СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБӢ ДАР НАМОЯНДАГИИ СУҒД БОТАНТАНА ТАҶЛИЛ ШУД 

Миёни намояндагиҳои филиали Ширкат Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд манзалати хос дошта, нишондиҳандаҳояш дар ҳама ҷанбаҳо қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Ин нукта дар ҷаласаи тантанавӣ, ки  шашуми октаябри соли равон  бахшида ба 10- солагии таъсисёбии филиали Ширкат дар кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, садо дод.

Муфассалтар...
10-СОЛАГИ ТАЪСИСЁБӢ ТАҶЛИЛ ВА ФАЪОЛОН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

29 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи "Хаят Реҷенси Душанбе" 10- солагии таъсисёбии филиали Ширкат таҷлил гардид. Дар маросими мазкур Раиси Шӯрои нозирони филиали Ширкат Саъдӣ Забаров, Директори филиали Ширкат Фотима Ниёзмамадова, Вазири нақлиёти мамлакат Худоёр Худоёрзода, роҳбари ширкати "Лонг Ли" ҷаноби Чжоу, Роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи "Роҳҳои ИДМ" Бурӣ Каримов, президенти Академияи байналмилалии нақлиёт Виктор Досенко, директори Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб - Чорбоғ Маҳмадулло Қосимов, собиқадори филиали Ширкат Рустам Абдуллоев, узви Шӯрои нозирон Рамазон Мирзоев ва дигарон суханронӣ намуданд. 

Муфассалтар...
КАШИДАНИ ХАТИ УФУҚӢ БА МАРҲИЛАИ НАВ ВОРИД ГАРДИД

Хатҳои уфуқӣ дар зебову назаррабо будани роҳҳо саҳми арзанда дошта, бо дарназардошти ин омил роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба масъалаи зикршуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар мавсими имсола дар минтақаҳои Суғд ва Зарафшон дар масофаи зиёд чунин хат аз нав кашида шуда, ин раванд бемайлон густариш ёфта истодааст.

Муфассалтар...
РЕЗИШИ КӮҲПОРА ДАР КИЛОМЕТРИ 137

Имрӯз дар километри 137- уми роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок резиши куҳпора ба амал омада, чанд лаҳза ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба мушкил мувоҷеҳ кард. Дар муддати кутоҳ техникаҳои Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон ба ин макон сафарбар шуда, роҳ филфавр тоза карда шуд.

Муфассалтар...
АЗ НОТАВОНБИНИИ ЯК ИДДА ТО ҲАМДИГАРФАҲМИИ КОМИЛ

Дар асоси Шартномаи консессионӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» 10 сол қабл механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардида буд. Метавон гуфт, ки ҷодаи интихобшуда аз оғози фаъолият чандон ҳамвор набуд. Монеаҳои сунъии зиёде буданд, ки ҳатто аз ҷониби масъулини мақомоти зидахл «эҷод» гардида, ҳадаф якто – латма ворид намудан ба обрӯи филиали Ширкат буд.

Муфассалтар...
ВАҚТЕ РИСОЛАТ БО МАСЪУЛИЯТ ТАВЪАМ АСТ…

Замоне ки филиали Ширкати  «Инновейтив  Роуд Солюшнз» (IRS) дар Тоҷикистон дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанокро ба уҳда гирифт, буданд нафароне, ки изҳори норозигӣ мекарданд. Зеро барои гузариши автомобилҳо вобаста ба категорияашон маблағ ситонида мешуд ва мардум гумон мекарданд, ки он ба болоравии роҳкиро сабаб мегардад. Албатта, ин як раванди табиӣ буд, зеро он вақт ҳанӯз моҳияти пулакӣ шудани роҳро мардум хуб дарк накарда буданд.

Муфассалтар...
НАМОЯНДАГИҲОИ ФИЛИАЛИ ШИРКАТ ВА ИМКОНИЯТУ ШАРОИТИ ОНҲО

Тавре зикр кардем, филиали ширкат аз се намояндагӣ таркиб ёфта, ҳар яки онҳо вижагиҳои ­фаъолияти худро доранд. Дар ин матлаб, ки бахшида ба 10-солагии таъсисиёбии филиали Ширкат иншо шудааст, доир ба онҳо маълумоти мухтасар пешниҳод шудааст.

Муфассалтар...
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо